Reset Password

click to enable zoom
Loading Maps
We didn't find any results
open map
Фармоиш
Advanced Search
Your search results
08.01.2019

Иҷораи чархболҳо дар Россия

Қисми аврупоии Россия зиёда аз 20% миқёси давлат ва 35% ҳудуди тамоми Аврупоро ишғол менамояд. Алоқаи чархболӣ дар ин ҷо хеле машҳур мебошад, зимнан, дар қисми осиёии кишвар низ чунин аст.

Авиаброкери AVIAV TM (Cofrance SARL) аз соли 2007 бо Россия ҳамкориро ба роҳ монда, дар шаҳрҳои зерин намояндагиҳои хешро дорад:

  • Москва,
  • Санкт-Петербург,
  • Волгоград,
  • Калининград,
  • Самара,
  • Сочи,
  • Махачкала,
  • Екатеринбург,
  • Новгороди Поён

ва дар шаҳрҳои бисёри дигар.

 

Ин он маъноеро дорад, ки ба мо ба яке аз рақамҳои бевосита ба осонӣ занг зада, дар вуҷуди хоҳиш – шахсан ба офис омада метавонед. Аммо, агар шумо ба иҷораи чархбол дар Россия рағбат дошта бошед, инро кардан лозим нест. Барои брон кардани киштии ҳавоӣ кифоя аст, ки дар сомонаи мазкур дархостро пур кунед ва тасдиқи рейсро аз менеҷер интизор шавед.

Ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) омода аст, ки дар қисми ҳам аврупоӣ ва ҳам осиёии Россия чархболро пешкаш намояд. Намуди мазкури нақлиёт дар минтақаҳои шимолӣ хеле маъруф аст. Баъзан, дар ҳолате, ки роҳҳоро барф зер мекунад ва ях фаро мегирад, киштии ҳавои – ин имконияти ягонаи сафаркунӣ ба ноҳияҳои дурдаст мешавад.

Ҳамчунин, чархболҳо борҳо, доруворӣ, маҳсулоти озуқа, ҳайвонот, ҳуҷҷатҳои фавриро интиқол медиҳанд; омода ҳастанд, ки беморонро кашонанд, корҳоро иҷро кунанд ё амалиётҳои наҷотдиҳиро гузаронанд.

Чархболи моро интихоб намоед

AVIAV TM (Cofrance SARL) рейсҳои чархболии ҳар мураккабӣ ва таъинотро дар кулли минтақаҳои Россия ташкил мекунад. Мо киштиҳои ҳавопаймоии муосири боэътимоди истеҳсолкунандагони зерини маъруфи ҷаҳониро пешниҳод мекунем:

  • Ми,
  • Сикорски,
  • Робинсон,
  • Белл,
  • Айрбас Еврокоптер ва ҳ.

Навъ тибқи мақсади мизоҷ интихоб карда мешавад. Сервис имконият медиҳад, ки дар худи сомона намуди зарурии чархбол муайян ва брон карда шавад.

Дар ширкати фаронсавии AVIAV TM (Cofrance SARL) кормандони русзабон кору фаъолият доранд, бинобарин кӯмаки тарҷумон ба шумо лозим намешавад. Шумо ба осонӣ ба таври онлайн саволҳоро дода, ҷавобро дар вақти воқеъӣ гирифта метавонед. Шакли бронкуниро мустақилона пур кунед ё аз кӯмаки менеҷер истифода баред. Агар навъе ба шумо зарурбудаи чархбол дар рӯйхат вуҷуд надошта бошад, хоҳиши худро бо шакли озод дар сомонаи мазкур гузоред: мо киштии ҳавоии нишондодаатонро ҳатман пайдо менамоем.

Иҷораи чархбол дар Росссия нисбат ба кирои ҳавопаймои хусусӣ ба дараҷае арзонтар мефарояд. Дар зимни ин ҳеликоптерҳо хеле зиёдтар функсионалӣ буда, ҷиҳати иҷроиши вазифаҳои гуногунеро, ки бо тиҷорат ё ҳаёти шахсӣ вобаста мебошанд, қобилият доранд. Дархостро ба таври онлайн гузоред ва менеҷерони AVIAV TM (Cofrance SARL) саёҳати шуморо «аз ибтидо то интиҳо» ташкил хоҳанд кард.

 

Category: Услуги

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи электронии шумо нишон дода нашудааст.