Reset Password

click to enable zoom
Loading Maps
We didn't find any results
open map
Фармоиш
Advanced Search
Your search results
03.04.2019

Эстония: чархболҳо барои шумо

Агар шумо ба иҷораи чархболҳо дар Эстония рағбат дошта бошед, пас шумо ба саҳифаи зарурӣ даромадед. Маҳз дар ин ҷо, шакли махсусро пур карда ё дархостро ба тарзи озод тасвир дода, киштии ҳавопаймоиро дар самти зарурӣ брон карда метавонед. Сервиси мазкур аз ҷониби авиаброкери пешсафи аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL)-е, ки намояндагии хешро дар Таллин соли 2016 таъсис додааст, барпо дода шудааст.

 

Чархболро дар ҳар самти рағбатдоштаи шумо ба осонӣ фармоиш додан мумкин. Киштиҳои ҳавоии мо ба шаҳрҳои зерини калон: Таллин, Пярну, Тарту, Нарва ва, ҳамчунин, ба деҳаҳои хурди маскун парвоз мекунанд. Кифоя аст, ки нишон диҳед:

  • хатсайр,
  • шумораи мусофирон,
  • сана ва вақти парвоз,
  • вазни тахминии бағоҷ,
  • хоҳишҳо нисбати парвоз,
  • навъи киштии ҳавопаймоӣ1.

Менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) ба шумо дар бораи нархи рейс дар мактуби ҷавобӣ маълумот медиҳад ва интихоб кардани намуди муносиби чархболро пешниҳод мекунад.

 

 

 

Саёҳатҳои экскурсионӣ

Таҷрибаи мо аз он шаҳодат медиҳад, ки чархболҳо дар Эстония бо мақсади сайёҳӣ ба иҷора гирифта мешаванд. Сайёҳон хоҳиш доранд, ки кӯлҳои Теплое ва Чудское, соҳили Нарва, ҷазираҳо, қалъаҳо ва ибодатхонаҳои эстонӣ, Шаҳри кӯҳна ва бурҷи телевизионии Таллин, ҳамчунин ҷойҳои дигари тамошобобро дидан намоянд. Ҳамаи ҷойҳои шавқоварро муддати як рӯз тамошо кардан бо он шарт имконпазир мегардад, агар шумо киштии ҳавопаймоиро истифода баред. Мизоҷони AVIAV TM (Cofrance SARL) мустақилона хатсайрро муқаррар мекунанд ва ҷиҳати тамошо кардани панорамаҳои шаҳрҳо ва манзараҳоии олиҷаноб муддати вақти кӯтоҳ имконияти беназирро соҳиб мегарданд.

 

Чиро бояд дар ёд дошта бошед

  1. Чархбол барои шумораи муайяни сайёҳон, одатан аз 4 то 6 нафар, фармоиш дода мешавад.
  2. Нарх барои тамоми киштии ҳавопаймоӣ нишон дода мешавад, аз ин лиҳоз беҳтар аст, ки ҳамаи ҷойҳо ишғол карда шаванд.
  3. Бағоҷи калонҳаҷм бояд дар қитъаи кушодаи алоҳида ҷойгир карда шавад, бинобарин шуморо зарур аст, ки дар бораи вазну андозаи тахминии бору бағоҷаатон менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL)-ро пешакӣ хабардор кунед.
  4. Шакли пуршудаи дархост шуморо ба чизе ӯҳдадор намекунад: он фақат имконият медиҳад, ки дар бораи нархи рейс маълумот гиред ва тафсилоти парвозро бо менеҷер маслиҳат намоед.
  5. Дар AVIAV TM (Cofrance SARL) хизматрасониҳои ҳамроҳиро ба мисли – ҷобаҷогузории сайёҳон дар меҳмонхонаи категорияи муқарраршуда ё роҳбалад дар канор, фармоиш дода метавонед.
  6. Хӯрок дар канор бо дархости пешакӣ пешкаш карда мешавад, дар баъзе навъҳои VIP ба хизматрасониҳои ҳатмӣ бар бо нӯшокиҳо дохил карда шудааст.
  7. Дар сурати пайдо гардидани саволҳо ба хадамоти шабонарӯзии дастгирии мизоҷони AVIAV TM (Cofrance SARL) тариқи рақами телефоне, ки дар сомона нишон дода шудааст, муроҷиат кунед.

 

Категория: МаколаҳоХизматрасониҳо

 

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи электронии шумо нишон дода нашудааст.