Reset Password

click to enable zoom
Loading Maps
We didn't find any results
open map
Фармоиш
Advanced Search
Your search results
08.01.2019

Норвегия: чархболро чӣ тавр фавран фармоиш бояд дод

Иҷораи чархбол дар Норвегия имконият медиҳад, ки ҳузуру ҳаловат ва фоидабахш ба ҳамдигар мувофиқ карда шаванд: яъне шумо ба нуқтаи муқарраршуда бо тезӣ ҳозир шуда, дар баробари ин, аз манзараҳои олиҷаноби панорамавӣ аз баландии парвоз роҳату лаззат бурда метавонед. Аз ин сабаб дар кишвари мазкур саёҳатҳои ҳавопаймоӣ хеле машҳур мебошанд.

Аз тамоми гӯшаю канори ҷаҳон сайёҳон ба ин ҷо меоянд, то ки кӯҳҳо, пиряҳо, фиордҳо, дарёҳои Гломма, Кларэлвен, Логен, Драмменсельва, кӯлҳо, боғҳои миллӣ ва меъмории беҳамтои шаҳрҳоро дидан намоянд. Ҷиҳати ҳамаи шавқовартаринро муддати як рӯз тамошо кардан, парвоз тавассути киштии ҳавопаймоии персоналӣ аз ширкати AVIAV TM (Cofrance SARL) ва барномаи сайёҳие, ки бевосита муносиб барои шумо таҳия карда мешавад, мусоидат менамояд.

Мо чархболҳоро ба гӯшаи зарурии кишвар пешниҳод мекунем, инҳо метавонанд шаҳрҳои зерини калони: Осло, Берген, Тронхейм, Ставангер, Кристиансанн, ё деҳаҳои хурд ва, ҳамчунин, осоишгоҳҳои кӯҳии лижаронӣ бошанд – бо шарте агар дар он ҷо майдончаҳо барои фурудоии киштии ҳавоӣ барпо карда шуда бошанд.

Системаи бронкунии чархболҳо ба таври онлайн

Ҷиҳати фавран фармоиш додани чархбол дар хатсайри зарурӣ, шакли махсуси бронкуниро дар сомонаи мазкур пур кунед. Барои тасдиқ кардани рейс зарур аст, ки маълумоти зеринро нишон диҳед:

  1. нуқтаҳои парвозу муқаррраршуда,
  2. вақт ва санаи дилхоҳи парвоз,
  3. шумораи мусофирон,
  4. оё якҷоя бо шумо кӯдакон саёҳат мекунанд ё не,
  5. оё шумо бо худ гирифтани дастпарвардагони хонагиро ният доред ё не,
  6. вазни тахминии бағоҷ,
  7. оё борҳои калонҳаҷм ё ғайристандартӣ вуҷуд доранд ё не,
  8. фармоиш додани кадом навъи чархболро шумо хоҳиш доред.

 

Агар интихоб кардани навъи чархбол барои шумо душвор бошад, менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) бо маълумоти дар боло зикршуда шинос шуда, киштии ҳавопаймоии муносибро ба шумо тавсия медиҳад. Пас ба шумо дар бораи нархи рейс хабар медиҳанд ва истифода бурдани хизматрасониҳои иловагиро: ба монанди трансфер тавассути автомобил то ба бандари чархболҳо, пешниҳод мекунанд. Агар шартҳо ба шумо маъқул бошанд, пас метавонед ба саёҳат омода шавед: ташкили рейсро ширкати мо бар дӯши худ мегирад.

Ҳаамин тавр, иҷораи чархбол дар Норвегия – ин хизматрасонии дастрасе мебошад, ки аз ҷиҳати мушкилиҳои бюрократӣ барои мизоҷ ягон монеа намесозад. Шумо фақат хатсайр ва рӯзро таъин мекунед – боқимондаро кормандони AVIAV TM (Cofrance SARL) иҷро мекунанд. Таксии чархболӣ шуморо ба нуқтаи муқарраршуда муддати дақиқаҳои башумор бурда мерасонад. Вақти хешро сарфа намоед ва аз озодии нотакрори парвоз ҳаловат баред!

 

Category: Услуги

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи электронии шумо нишон дода нашудааст.