Reset Password

click to enable zoom
Loading Maps
We didn't find any results
open map
Фармоиш
Advanced Search
Your search results
08.01.2019

Чархболҳо дар Порис

Дар пойтахти Фаронса чархболҳо аҳамияти махсусро доранд. Дар ин ҷо аэротаксӣ, трансфер ба дигар шаҳрҳо, парвозҳои тиббӣ истифода карда мешаванд. Саёҳатҳои ҳавопаймоӣ хеле машҳур мебошанд. Авиаброкери пешсафи фаронсавии AVIAV TM (Cofrance SARL) чархболро барои ҳар максад пешкаш мекунад ва «аз ибтидо то интиҳо» ташкили кардани рейсро бар дӯши худ мегирад.

Шаҳри романтикии Порис – чун ҷои писандидашудаи ошиқони тамоми ҷаҳон барои гузаронидани тӯи арӯсу домод маҳсуб меёбад. Рейси чархболӣ барои оилаи нав хотираи беҳтарини иди никоҳӣ хоҳад монд. Ҳамчунин, аксаран сайёҳон бо зебогии шаҳр ва гирдуатрофи он аз канори чархбол шинос шуданро хоҳиш мекунанд, то ки муддати кӯтоҳ бисёртар тамошо карда тавонанд.

Барномаи хешро тартиб диҳед

Иҷораи чархбол дар Порис тавассути AVIAV TM (Cofrance SARL) – ин имконияти беназир барои тартиб додани хатсайри шахсӣ ва тамошо кардани ҷойҳои аз ҳама шавқовари шаҳр мебошад. Мо барномаи индивидуалиро тибқи хоҳишҳои шумо тартиб медиҳем.

Парвозҳо аз болои бурҷи Эйфел, Парк-де-Пренс, бешаи Булон, ипподроми Longchamp, боғи Сен-Клу дар баландии Шато де Версал ва Рой Солей; водии номдори Лаура бо кӯшкҳои Божанси, Шамбор, Шаверни, Вилландри, Амбуаз, – фақат рӯйхати ҷойҳои тамошобобро тартиб диҳед ва мо ниятҳои шуморо ба осонӣ амалӣ хоҳем кард.

Ҳамчунин аз Порис чархболҳоро бисёри вақт ба дигар шаҳрҳо низ фармоиш медиҳанд. Киштии ҳавоии пурқувват қобилият дорад, ки то ба ҳазор километр парвоз кунад, аз ин лиҳоз, мо омода ҳастем, ки рейсро, ҳатто, ба мавзеъҳои дурдасти маскун, новобаста аз он, ки онҳо дар куҷо мавқеъ гирифтаанд, ташкил намоем.

Фаромӯш набояд кард, ки иҷораи чархбол дар Порис нисбат ба чартери ҳавопаймои хусусӣ ба дараҷае арзон мебошад. Дар зимни ин чархбол бо суръати баланд ҳаракат мекунад, тариқи хатсайри кӯтоҳтарин парвоз намуда, ҷиҳати аз зебогии манзараҳои пойтахт ҳузуру ҳаловат бурдан имконият медиҳад. AVIAV TM (Cofrance SARL) хизматрасониҳои зарурии ҳамроҳиро пешкаш менамояд, то ки рейс ба осонӣ ва оромона гузашта, лаззату хурсандии ниҳоиро барои шумо бахшад.

 

Category: Услуги

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи электронии шумо нишон дода нашудааст.