Reset Password

click to enable zoom
Loading Maps
We didn't find any results
open map
Фармоиш
Advanced Search
Your search results
08.01.2019

Чархболро дар Нитса брон кунед

Чархболро дар Нитса ҳар тарзи қулай:

  1. шакли бронкуниро дар сомона пур карда,
  2. бо менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) тамос карда,
  3. ба офис барои вохӯрии шахсӣ ҳозир шуда, фармоиш додан мумкин.

Аксарият мизоҷон авлотар мешуморанд, ки чархболро тариқи онлайн фармоиш диҳанд, зеро барои ин амал фақат таҷҳизоти электрониеро, ки бо интернет пайваст мебошад, дар даст доштан даркору бас.

Шакли фармоишро пур карда, зеринро нишон диҳед:

  • хатсайри зарурбуда,
  • сана ва вақти парвоз,
  • шумораи сайёҳон,
  • навъи киштии ҳавопаймоӣ,
  • оё бо шумо кӯдакон парвоз мекунанд ё не (синну соли онҳо),
  • вазн ва андозаи тахминии борҳо,
  • хоҳишҳои иловагӣ.

Менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL) дархости шуморо баррасӣ намуда, нархи рейсро ҳисоб мекунад.

Нархи иҷораи чархбол аз чӣ вобастагӣ дорад

Иҷораи чархбол дар Нитса дар ҳар самт имконпазир аст. Шумо ба осонӣ ҳам ба шаҳрҳои наздики Соҳили Лоҷвардӣ ва Прованс, ҳам ба масофати дур, масъалан ба осоишгоҳҳои кӯҳӣ, парвоз карда метавонед. Байни сайёҳон рейсҳо ба Мерибел, Вал-Торанс ва Куршевел машҳур мебошанд. Мисоли нархҳои самтҳои мазкурро аз Нитса манзури шумо пешкаш менамоем:

 

Чархболҳои якмуҳаррика:

Н 125 –  5 ҷой – 5650 евро,

Н 125 – 6 ҷой – 6100 евро,

Н 130 – 6 ҷой – 6700 евро.

Чархболҳои думуҳаррика:

AS 355 – 5 ҷой – 10300 евро,

AW 109 SP – 4 ҷой –13300 евро,

Bell 429 – 6 ҷой – 18700 евро,

H 155 – 6–8 ҷой – 24700 евро.

Фаҳмидан мушкил нест, ки нархи рейс бевосита аз навъи киштии ҳавопаймоӣ вобастагӣ дорад. Варианти босарфа дар хатсайри мазкур ба 1015 евро барои як мусофир мефарояд. Рейси зикршуда тавассути чархболи якмуҳаррикаи Н-125-е комплектаксияш ибтидоӣ бо лавозимотҳое, ки фақат аз курсиҳои эргономӣ ва системаи садогиранда иборат мебошад, иҷро карда мешавад.

Барои варианти боҳашамат як мусофир 4015 евроро пардохт мекунад. Аз феҳристи мазкур навъи аз ҳама қимати Н-155 мебели бошукӯҳи чармин, минибар, кондинсионер ва чароғонкунии индивидуалӣ, системаи вақтхушикунии мултимедӣ, алоқаи интернет ва интерери эксклюзивиро дорад.

Навъи писандидаатонро интихоб намоед ва онро дар сомона брон кунед. Агар шумо намуди дигари киштии ҳавопаймоиро авлотар шиносед, онро дар дархост нишон диҳед ва AVIAV TM (Cofrance SARL) варианти лозимиро ба шумо пешкаш менамояд. Чархболҳоро дар Фаронса ба иҷора гиред ва бо ҳузуру ҳаловат саёҳат кунед!

 

Category: Услуги

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи электронии шумо нишон дода нашудааст.