Reset Password

click to enable zoom
Loading Maps
We didn't find any results
open map
Фармоиш
Advanced Search
Your search results
08.01.2019

Рейси чархболии хешро дар Португалия фармоиш диҳед

Киштиҳои ҳавопаймоии авиатсияи хурд дар Португалия нақши муҳимро мебозанд. Чархболҳо бо мақсади вазифаҳои гуногуни зерин ба иҷора гирифта мешаванд:

 

  • интиқоли мусофирон,
  • кашондани борҳо,
  • хатсайрҳои сайёҳӣ,
  • чорабиниҳои идона,
  • корҳо дар болои ҳаво.

Авиаброкери аврупоии AVIAV TM (Cofrance SARL) сервиси ягонаи бронкунии чархболҳоро дар Португалия барпо намудааст ва онро шумо дар ҳар нуқтаи ҷаҳон карор дошта ба осонӣ истифода карда метавонед. Тариқи онлайн фармоиш додани киштии ҳавоӣ имконият медиҳад, ки унсурҳои зеринро мустақилона интихоб кунед:

— навъ,

— вақти саёҳат,

— хатсайри парвоз,

— хизматрасониҳои иловагӣ.

Ҳамин тавр, мизоҷ имконият пайдо мекунад, ки вобаста ба саёҳат, бидуни кӯмаки даллолон, ҳар мақсад ва хоҳишҳои хешро амалӣ гардонад.

Афзалиятҳои бронкунии чархбол ба таври онлайн

  1. Сарфаи вақт: ба шумо барои бастани шартнома ба офис омадан лозим нест.
  2. Сарфаи маблағ: шумо чархболро бо нархи парки авиатсионӣ фармоиш медиҳед.
  3. Имконияти шумо ҷиҳати мустақилона интихоб кардани унсурҳои асосии таркибии парвоз.
  4. Дастрасии шумо ба тасвир ва аксҳои киштиҳои ҳавопаймоии пешкаргардида.
  5. Имконияти шумо ҷиҳати дар ҳар вақт пеш аз пардохти фармоиш бекор кардани он.
  6. Хадамоти шабонарӯзии дастгирии мизоҷони AVIAV TM (Cofrance SARL) – барои ҳалу фасл намудани масъалаҳои бамиёномада дар хизмати шумост.

Иҷораи чархболҳо дар Португалия ҳам дар шаҳрҳои калон: Лиссабон, Порту, Брага, Коимбра, Эвора ва ҳам дар деҳаҳои хурди маскун: Бежа, Синтра, Лагуш (агар дар онҳо майдонча барои фурудоии киштии ҳавопаймоӣ вуҷуд дошта бошад) амалӣ карда мешавад.

Ғайр аз ин, киштиҳои ҳавопаймоӣ омода ҳастанд, ки ба болои яхта дар миёни баҳр барои интиқол додани мусофирон, борҳо, маҳсулоти ғизоӣ, масолеҳи хароҷотӣ парвоз кунанд. Ҳуқуқшиносони авиатсионии AVIAV TM (Cofrance SARL) ҷиҳати гирифтани иҷозат барои хатсайри ҳар мураккабӣ ва дарозии ниҳоӣ кӯмак мерасонанд.

 

Рейсро имрӯз брон кунед

Мо бо паркҳои пешсафи чархболии Португалия ва дигар кишварҳои Аврупо ҳамкорӣ дорем ва навъҳои муосири бисёрфунксионалии киштиҳои ҳавопаймоиро пешниҳод мекунем. Навъҳои номдори Ми, Robinson-и зудҳаракат, Airbus Eurocopter-и беназир, Вell-и достонӣ, Sikorsky – боэътимод: ин ҳоло аз он шумораи зиёде, ки авиаброкери AVIAV TM (Cofrance SARL) пешниҳод карда метавонад, вариантҳои алоҳида мебошанд.

Мизоҷони мо имконият доранд, ки тибқи хоҳишҳо ва захираҳои молиявии хеш, чархболи ба худ муносиббударо интихоб намоянд.

Пешакӣ брон кардани чархбол ба мизоҷон афзалиятҳои зерини назаррасеро тақдим менамояд:

— интихоби васеътари навъҳо,

— вуҷуди тахфифҳо,

— вақти зиёдтар барои мувофиқат ва аниқ кардани ҳамаи тафсилотҳои парвоз.

Шаклро дар сомонаи мазкур пур кунед ва ҷавоби фаврии менеҷери AVIAV TM (Cofrance SARL)-ро интизор шавед. Саёҳат бо мо ба шумо фақат хушнудӣ ва ҳузуру ҳаловатро мебахшад!


Category: Услуги

Ҷавоби худро гузоред

Суроғаи электронии шумо нишон дода нашудааст.